Хуҷанд: ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр баҳри омодагӣ ва иҷрои қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таҷлили 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабинӣ омода намуд ва мутобиқи он амал кард. Ҳамчунин барои истиқболи ин санаи тақдирсоз дар қаламрави шаҳр зиёда аз 7775 ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки аз он 880 ҷой ба корхонаҳо ва муассисаҳо тааллуқ дошта, 6895 нафар бо патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Тавре ки сомонаи расмии раиси вилояти Суғд хабар додааст, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дастгирии моддии оилаҳои камбизоат ва ниёзманд дар қаламрави шаҳр зиёда аз 120 нафар оилаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, камбизоат, маъюбон мавриди аёдат қарор дода шуда, ба 30 нафар ниёзманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






