Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ- сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ

Октябрь 23, 2014 14:56

 
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳои  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои итиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғибу одоби ҳамидаи инсонӣ» дар  факултаи филология бо иштироки васеи донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар чорабинӣ муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Абдуҳафиз Азизов  аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик  танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Бобохӯҷа»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Усмонов зикр кард, ки шукронаи сулҳу ваҳдат, ки кишварамон рӯз аз рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст, мутаассифона, бархе кӯрдилону нотавонбинон ин пешравиро  чашми дидан надоранд ва бо ғаразҳои хеш ба сулҳу амнияти пойдори тоҷикон халал ворид карданианд, вале ба ин ниятҳои бадхоҳонаашон ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадоев иброз намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро рӯ ба ҷавонон намудааст ва хушбахтона, ин сиёсат калидӣ унвон гаштааст. Мутаассифона, тибқи омори расмӣ беш аз 200 нафар ҷавони гумроҳи мо ба ҷараёну гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудаанд ва мутмаинем, ки аксари онҳо аллакай пушаймонанд. Дигар масъалаи доғи рӯз худкушӣ мебошад, ки ин амали номатлуб маҳз бо омили бетарафии ҷомеа ва атрофиён сурат мегирад, ки дар ин самт низ мо бояд корҳоро суръат бахшем.
 
 
 

Октябрь 23, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад