Ифтитоҳи мактаби нав дар Ғончӣ
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назди муассисаи таълимии №6-и деҳаи Хӯҷаҳо таълимгоҳи нав барои 624 нафар хонанда бунёд гардид, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, муассисаи таълимии №6 11-умин мактабест, ки дар соли равон дар қаламрави вилоят ба истифода дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, аз оғози сол дар миқёси вилоят бо маблағгузорӣ ва мусоидати бевоситаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъмиру навсозии 78 муассисаи соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
То имрӯз аз ин миқдор 17 муассиса, ки дорои 5313 ҷойи нишаст мебошад, мавриди истифода қарор гирифта, то охири сол боз 20 адад иншооти дигар таъмиру навсозӣ ва бунёд мешавад.
Муассисаи таълимии мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, пурра ба талаботи замони муосир ҷавобгӯст. Ҳоло дар мактаб маҳфилҳои рӯзгордорӣ, дӯзандагӣ ва қолинбофӣ амал мекунанд. Барои таъмини кори самараноки онҳо танӯру оташдон насб ва 4 адад дастгоҳи қолинбофӣ харид шудааст. Ҳамзамон 7 намуд асбоби миллии мусиқӣ дастрас гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






