Ихтирои 8 навъи нави картошка аз сӯи олимон

Октябрь 30, 2014 10:41

 Душанбе, 30.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар зарфи 9 соли фаъолияти илмию тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ дар Тоҷикистон 8 навъи нави картошка, ки баъд аз нон маҳсулоти дуюминдараҷа  барои  аҳолии кишварамон маҳсуб меёбад,  ихтироъ  шудааст. 
        Изатулло Сатторӣ -президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр доир ба ҷараёни корҳои селексионӣ ва минтақабобкунӣ дар истеҳсоли тухмии картошка дар назди кабинаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш дод. Зикр шуд, ки майдони кишти картошка дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон то 1 сентябри соли равон 36,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳар гектар аз 160 то 400 сентнерӣ ҳосил бояд ҷамъоварӣ  шавад. Дар иртибот ба рушди соҳаи картошкапарварӣ дар кишвар  Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои ихтирои навъҳои нави пешпазак ва миёнапазак, васеъ намудани майдони кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ ва такрории картошка тадбирҳои зарурӣ андешанд.  
 
 

Октябрь 30, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд