Имконоти ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). — Имрӯзҳо дар шаҳри Маскав форуми чоруми байнипарлумонии «Русия — Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ва конфронси сеюм оид ба ҳамкории байнимиллии Русия ва Тоҷикистон идома доранд.
Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабиниҳо вазири маориф ва илми ҶТ Саид Нуриддин Саид, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Пирзода Маҳмадсаид Шоҳиддин, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев иштирок менамоянд.
Иштирокдорони форуму конфронс масоили тадриси забони русӣ, тарбияи омӯзгорон ва тарҳрезии тартиби махсуси интишори китобҳои дарсӣ ба забони русиро баррасӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






