Имоми масҷид барои таҷовузи духтари 10-сола зиндонӣ шуд
Душанбе, 27.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Додгоҳи Афғонистон имоми як масҷидро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсии як духтари 10-сола дар дохили масҷидаш ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Мулло Муҳамммад Амин рӯзи 25-уми октябр содир шуд. Духтар ва падари ӯ ҳукми додгоҳро сабук дониста ва гуфтаанд, ки Мулло Амин бояд ба қатл маҳкум мешуд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукми додгоҳ истиқбол карда ва онро пирӯзии занони таҷовузшуда дар Афғонистон хонданд, ки дар инҷо аксаран худи занони таҷовузшударо ба зинокорӣ гунаҳкор дониста, зиндонӣ мекунанд. Ҳасина Сарварӣ, раиси як маркази занони хушунатдида дар вилояти Қундуз, ки ҳодиса дар инҷо сурат гирифтааст, аз ҳукми додгоҳ истиқбол кард. Рӯзи 8-уми октябр 5 мардро дар наздикии шаҳри Кобул бо гуноҳи таҷовузи гурӯҳӣ ва ҷинсии 4 зан ба дор овехтанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хоста буданд, ки ба иҷрои ҳукми қатли ин мардҳо иҷоза надиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






