Имзои шартнома бо донишкадаҳои Ҷопон

Октябрь 22, 2014 12:14

Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко). — Ректори Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон  Нуралӣ  Солеҳов  дар  ҳошияи  сафараш  ба  Ҷопон  шартномаи   ҳамкорӣ  бо  донишгоҳи «Сока» — и Ҷопонро  имзо  намуд. 
Нуралӣ  Солеҳов   ҳамчунин  дар  форуми донишҷӯён  иштирок  намуда,  шартномаро  бо   донишгоҳи  «Тсукуба» — и  Ҷопон  ба  имзо  расонид. 
«Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон бо донишгоҳи  «Сока»   равобити  дерина  дошта,  донишҷӯён  ва хатмкунандагони он дар  ин донишгоҳи  баруманди  Ҷопон  таҳсил  мекунанд  ва таҷриба  пайдо  менамоянд. Дар  шартномаҳо рафтуомади  донишҷӯёну  омӯзгорон ба кишварҳои  якдигар,  ҳамчунин  доир  намудани  конфронсҳо  аз рӯи  масоили  илмӣ  пешбинӣ  шудааст», — қайд  намуданд  дар  маъмурияти Донишгоҳи  славянии Русия  ва  Тоҷикистон.
Донишгоҳи  «Сока»,  ки  соли  1971  дар  Токио кушода шуд, бо  148 донишгоҳи  47  кишвар ва  минтақаҳои  ҷаҳон  равобити  илмию  омӯзгорӣ  дорад. 

Октябрь 22, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад