Иштироки Э. Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии 90-солагии пойтахт

Октябрь 18, 2014 11:28

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-ум аз таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони мақомоти олии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ ба толор оғоз ёфт.Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дод.Сарвари давлат аз таърихи пурифтихори бостонӣ ва муосири мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ёдовар шуда, солгарди 90-уми пойтахти кишвар-шаҳри сарсабзу муаттари Душанберо ба кулли мардуми ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.Бо ёдоварӣ аз ҳамсолии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони замони Шӯравӣ изҳори шукру сипос карда шуд, ки дар он замон деҳаи Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ ба як шаҳри зебо ва маркази маъмурию фарҳангии Ватани азизи мо табдил ёфт.Ҳамзамон таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон симои комилан наву муосир касб намуда, имрӯз дили ҳар бинандаи онро бо зебоиву озодагии худ тасхир мекунад.Ҳамзамон таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар эҳё ва таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштааст ва изҳори бовар карда шуд, ки оянда ҳам пойтахти дилорои мо рисолати ваҳдатсозии худро бо сарбаландӣ адо мекунад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба санъату фарҳанги шаҳрсозию пойтахтдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар таҳия ва сохтмони кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои нав аз навтарин дастовардҳои меъморию бинокории ҷаҳони муосир истифода бояд кард, то ки шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо шуда, ба ҳайси пойтахти давлати Тоҷикистон садсолаҳои дигар ба наслҳои оянда хизмат кунад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзоиши бесобиқаи аҳолии пойтахт ва шумораи воситаҳои нақлиёт ва ҳам фарсудашавии шабакаҳои коммуникатсионию комуналӣ ва дигар воситаҳои хизматрасониро аз мушкилоти асосии пойтахт номида, таъкид дошт, ки барои ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти мавҷуда чораҳои муассир бояд андешида шаванд.Дар охир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин, сокинони пойтахт ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо гузашти 90 сол аз таъсиси шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ин шаҳри зебо ва сокинони сарфарози он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши намоёни худро оянда ҳам мегузоранд.Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин Вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Виктор Шрейдер, Президенти Ассамблеяи байналмилалии шаҳрҳо-пойтахтҳо Владимир Селеванов, ноиби мири шаҳри Маскав, пойтахти Федератсияи Русия Владимир Лебедев ва ноиби мири шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон Марс Саккараев суханҳои табрикӣ баён доштанд.Тантанаҳои бахшида ба солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт. шаҳрҳои Маскави Федератсияи Русия ва Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон суханҳои табрикӣ баён доштанд.
Тантанаҳои бахшида ба солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Октябрь 18, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд