Иштироки М. Алимардон дар конфронси Урганҷ

Октябрь 30, 2014 13:48

Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба масоили амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал, ки 28-29 октябри 2014 дар шаҳри Урганҷи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат кард.
Дар ҳошияи нишаст мулоқоти ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов доир гардид.
Зимни суҳбат, ки дар фазои гарм ва дӯстона сурат гирифт, таҳкими иқдомҳои муштарак дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва ҳамчунин сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Октябрь 30, 2014 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд