Иштироки Тоҷикистон дар “Таъвиз”

Октябрь 22, 2014 14:48

Душанбе, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади пешгирии қочоқи прекурсорҳо аз 10 то 20 октябри соли равон дар нуқтаҳои гузаргоҳи назоратии гумрукии давлатҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалиёти байналмилалии “Таъвиз” (Подмена) доир гардид. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар муҳлати муқарраргардида амалиёти “Таъвиз”-ро дар 34 нуқтаи гузаргоҳи гумрукии кишвар, аз ҷумла 5-то ҳавоӣ, 4-то роҳи оҳан, 1-то обӣ ва 24-то нақлиёти (заминӣ) автомобилӣ баргузор намуд.
Бо мақсади доир намудани ин амалиёт 21 гурӯҳи муштараки фаврӣ аз ҳисоби кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар таъсис гардид, ки он дар давоми даҳ шабонарӯз 1 ҳазору 460 адад нақлиёти заминии боркаш, асосан дар нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён”, “Кулма” ва “Қарамиқ”-ро аз назар гузаронид.
Тибқи иттилои АНМН, дар ин амалиёт ягон ҳодисаҳои интиқоли ғайриқонунии прекурсорҳо, воридоти қонунии прекурсорҳо, воридоти қонунии маводи кимиёвии кислотаи уксуси навъи яхин, атсетилхлорид ва хлориди аммоний ба қайд гирифта нашудааст.

Октябрь 22, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад