Истеҳсоли пахта ба 77, 7 фоиз баробар шуд
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 316,9 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 77, 7 фоизи дурнамо мебошад.
Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 277,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Аввалин шуда дар кишвар кишоварзони ноҳияи Сарбанд иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро 102,5 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликул, Н.Хусрав ва Данғара дар вилоят пешсафанд.
Имсол ҷамъоварии пахта дар ҳар як рӯз нисбат ба соли гузашта 17, 8 сентнерӣ зиёд аст.
Бо вуҷуди ин имсол бо таъсири боронҳои зиёд нисбат ба соли гузашта 51,2 фоиз камтар пахта истеҳсол гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






