Кӯчиши 300 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Барои 546 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар нӯҳ моҳи соли равон барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо гардид, ки ин 85%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар нӯҳ моҳи соли 2014 дар самти муҳоҷирати экологӣ ҷиҳати татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2014-2016 рӯйхати 300 хоҷагӣ барои кӯчонидан аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф дар соли 2014 тасдиқ гардид, ки 38 хоҷагӣ аз ВМКБ, 50 хоҷагӣ аз вилояти Суғд, 128 хоҷагӣ аз вилояти Хатлон ва 84 хоҷагӣ аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Усмоналӣ Латифӣ дар айни замон 196 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуд, ки ин 64% нақшаи кориро ташкил дода, боқимонда 104 хоҷагӣ мутобиқи нақшаи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, дар ин самт корҳои сохтмонӣ идома доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






