Киҳо ба озодӣ мебароянд?
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат таъмин мегардад»,-ин нуктаро Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.07.2014 зикр намуд.
Дар робита ба ин масъала Президенти мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Қонун ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷинояти таъйиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд.
Ҳамчунин шахсоне, ки ба муҳлати зиёда аз 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд.
Шахсоне, ки нисбат ба онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ таъйин карда шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтаи қонуни мазкур муҳлати адогардонидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба терроризм алоқамандро содир намудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






