Кишоварзони беҳтарини соли 2014

Октябрь 14, 2014 09:43

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти босамари меҳнатӣ ва ҷамъиятии кишоварзон дар рушди иқтисодиёт ва беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ ва маънавии онон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки кормандони беҳтарини соҳаи кишоварзиро бо мукофотҳо ҳавасманд гардонад.
Аз ҷумла бо мукофоти «Хоҷагии беҳтарин», Ҷоизаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев роҳбари хоҷагии деҳқонии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара М. Раҳимов, бо мукофоти «Пахтакори беҳтарин», Ҷоизаи ба номи Абдуғафур Самадов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён Р. Абдуллоев, бо мукофоти «Ғаллакори беҳтарин», Ҷоизаи ба номи Миралӣ Маҳмадалиев роҳбари хоҷагии деҳқонии «Назаров»-и шаҳри Панҷакент Пиримқул Халилов, бо мукофоти «Сабзавоткори беҳтарин», Ҷоизаи ба номи Карим Исмоилов роҳбари хоҷагии деҳқонииба номи  С.Назарови шаҳри Кӯлоб А. Зардиев, бо мукофоти «Занбӯрпарвари беҳтарин» роҳбари хоҷагии деҳқонии Хуршеди ноҳияи Тавилдара Хуршед Давлатов, бо мукофоти «Моҳипарвари беҳтарин» роҳбари ҶСП «Аква Порс»-и шаҳри Ваҳдат Умаралӣ Раҷабов  ва дигар кишоварзони беҳтарини мамлакат бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
 
 
 
 

Октябрь 14, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад