Китоби ёддоштҳои собиқадори матбуот

Октябрь 23, 2014 16:06

 
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар»,  Муҳаммадориф  Шарифзода). – Чанде  пеш   китоби  ёддоштҳои  журналист, ношир,  узви Иттиҳодияи  журналистони  байналмилалӣ,  собиқадори  матбуот Нарзиқул Обидов таҳти  унвони «Дар  байни  устодон» аз  чоп баромад. 
Муаллиф  дар  китоби  ёддоштҳояш, ки бо  лаҳни  суханронии  басо  форам  таълиф  шудааст,  баробари  баёни  роҳи  зиндагию  фаъолияташ шаммае  аз рӯзгори  қаламкашони  шинохтаи  Нашриёти  давлатии  Тоҷикистон  С. Айнӣ,  М. Раҳимӣ,  С. Ҷавҳаризода,  А. Деҳотӣ,  С. Ғанӣ,  Р. Ҳошим,  П. Толис, М. Беҳбудӣ, Ҳ. Аҳрорӣ,  олимони  номӣ Е. Н. Павловский,  М.  Нарзиқулов, А. Баҳоуддинов, А. Бухоризода, Р. Ғаффоров, Р. Ҳодизода, ҳофизу   шоирон ва  актёрон  А. Бурҳонов,  Б.  Ниёзов, А. Баҳорӣ, Н. Шанбезода, тарҷумону  муҳаррирон И. Раҳматов,  М. Бачаев, И. Маҳвашев,  Э. Мулоқандов,  Н. Почоҷонов ва  дигар  азизонаш  сухан меронад, ки бо  рафтор,  кирдор  ва  гуфтори  худ  дар  таълиму  тарбияаш  саҳм  гузоштаанд.
Боби  алоҳидаи  китоб  ба  латифаҳои  муаллиф   бахшида  шудааст, ки басо  мақбулу  ҷолибанд.
Китоби «Дар байни  устодон» — и  Нарзиқул  Обидов  барги  сабз ва  барои  аҳли  адаб  ва  матбуоти  кишвари  азизамон тӯҳфаи  хубест  .
 
 

 
 

Октябрь 23, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд