Консерт дар ҳошияи Ҳафтаи Аврупо

Октябрь 27, 2014 14:06

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко). — 25  октябр  дар  ҳошияи  Ҳафтаи  Аврупо  дар  Театри  опера  ва  балети  ба  номи  С. Айнӣ   консерти бастакорони  Аврупо  дар  иҷрои  устодони  санъати  Тоҷикистон  баргузор гардид.
 Ин  чорабинӣ  бо  ибтикори Маркази  фарҳанги  «Бохтар» ва  намояндагии Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуд. Ҳамоҳангсози  равобит  бо  аҳли  ҷамъияти  Маркази фарҳанги  «Бохтар» Амалхонум Ҳоҷиева   зикр  намуд, ки Ҳафтаи  Аврупо  бо   ифтитоҳи  намоишгоҳ дар  Осорхонаи  миллӣ  оғоз  ёфта,  бо  консерти  гурӯҳи  ҳунармандон бо  роҳбарии  Шӯҳрат  Ашӯров  идома  меёбад. 
Дар  консерт  оҳангу  сурудҳо  аз  операҳои Жорж  Бизе, Ҷузеппе Верди ва Фридрих  Шопен  танинандоз  шуданд.
Дар  анҷоми  консерт гурӯҳи чоргонаи навозандагон —  Исмат  Саидов, Маҳмуд  Сангинов,  Зарина  Раҳмонова  ва  Лариса  Саидова бо маҳорати  худ  хотири ҳозирони толорро шод  намуданд.

Октябрь 27, 2014 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад