М. Убайдуллоев бо роҳбарони баландпояи Русия мулоқот менамояд
Душанбе, 21.10.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- 21 октябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав рафт. Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Русия ширкат дар Форуми чоруми байнипарлумонии «Русия -Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва конфронси сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия аст.
Интизор меравад, ки дар доираи ин чорабиниҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии муқими Федератсияи Русия, инчунин бо Валентина Матвиенко — раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин — раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, Игор Шувалов — муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сергей Собянин — мири шаҳри Маскав ва Андрей Воробёв — губернатори вилояти Маскав мулоқот ҳоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






