М. Убайдуллоев: «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед»

Октябрь 22, 2014 10:26

 
   Душанбе, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи сафари расмиаш раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия бо роҳбарони ҷамъиятҳою иттиҳодияҳои тоҷикон ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия мулоқот анҷом дод. Мулоқоти М. Убайдуллоев бо намояндагиҳои ҷамъяитҳои тоҷикони муқими Русия дар меҳмонхонаи «Президент- отел»- и Маскав ҷараён гирифта, тӯли чор соат идома ёфт. Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи кору рӯзгор ва  пешрафту мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, илова ба ахбори расмӣ, аз наздик шинос гардида, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби ширкаткунандагон матраҳшуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон аз иқдом ва муҳтавои суханронии раиси Маҷлиси миллӣ дар иртибот ба ғамхориҳои Сарвари давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвияти тадбирҳо ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои будубоши онҳо дар Русия изҳори сипос намуданд. Зикр гардид, ки ин ибтикор эҳтиром ва эътимоди онҳоро нисбат ба кафолатҳои конститутсионӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат боэътибор месозад. 
Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев  аз номи роҳбарияти кишвар ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои саҳми  арзандаашон дар пешрафту ободии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал овард, ки бо азхудкунӣ ва риояи қонунҳо ва таъриху фарҳанги кишвари будубош дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ устувор монанд. Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон бо дахли ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватанпарастӣ таъкид кард, дар ҳамбастагӣ алайҳи ҳама гуна таблиғоти ифротгаронаву иғвоангез, ки ба ваҳдат ва суботи кишвар халал ворид месозанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 
    Бояд тазаккур дод, ки дар мулоқот муовинони раиси Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва Шодихон Ҷамшед, ки ҳамзамон раисони вилоятҳои Суғду Бадахшон мебошанд, инчунин Муродалӣ Алимардон — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок доштанд.     
 
 
 

Октябрь 22, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад