Маҳфили эҷодӣ бахшида ба 100-солагии З.Шаҳидӣ

Октябрь 29, 2014 17:01

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 30-юми октябри соли ҷорӣ дар толори консертии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ бахшида ба 100-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ баргузор мегардад.Маҳфили мазкур бо сухани ифтитоҳии раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оҳангсози маъруф, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов оғоз хоҳад ёфт.Бояд гуфт, ки дар маҳфили мазкур барномаи консертӣ аз осори Зиёдулло Шаҳидӣ ва Фозил Солиев садо медиҳад.Ҳамчунин оҳангсозон ва мусиқанавозон бо оҳангҳои марғубу дилнишин табъи ҳозиринро болида мегардонанд.Ёдрас мешавем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи “Комде ва Мадан” буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ гардид ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт.

Октябрь 29, 2014 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд