Маҳфили экологӣ бахшида ба ҷашни Сарқонун

Октябрь 29, 2014 14:53

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ, «Ховар», Назири Назир).- 27 октябри соли равон дар толори муассисаи таҳсолоти умумии № 33-и пойтахт бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили экологӣ доир гардид. Дар маҳфил хонандагони макотиби таҳсилоти умумии № 33, 72 ва 70 дар бахши саволу ҷавоб, кор бо тестҳо, саҳнача ва шартҳои дигари маҳфил маҳорат нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар чорабинӣ намояндагон аз Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок карданд. Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани донишҳои экологии хонандагони мактабҳои пойтахт буд.

Октябрь 29, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд