Маликаи Дания ба Тоҷикистон меояд

Октябрь 22, 2014 12:15

Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Имрӯз, 22  октябр,  Улёҳазрат Маликаи  Дания  Мария ба  Тоҷикистон  меояд. Дар  ҷараёни нахустташрифи   Малика  ба  Тоҷикистон чанд  мулоқот дар  сатҳи  баланд  баргузор  мешавад. 
Тавре  ки аз Намояндагии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, Малика  Мария  аз бархе  муассисаҳои тиббӣ   дидор  карданист. Аз  ҷумла, 23  октябр  маросими  боздид  аз Маркази  захиравии омӯзишии  назди Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  илмии педиатрия,  Маркази офиятбахшии кӯдакон воқеъ  дар  ноҳияи  Варзоб дар  назар  аст. Худи  ҳамон  рӯз  Малика  Мария  дар  маросими хидматрасонии  тиббӣ ба  кӯдакони  мубталои бемории полиомиелит  иштирок  менамояд. 
24 октябр  Маликаи  Дания аз Донишгоҳи  давлатии  тиббии  Тоҷикистон  ба  номи  Абӯали ибни  Сино, Маркази  тандурустии  ноҳияи  Ваҳдат  ва Маркази  миллии  солимии  репродуктивӣ  дидор  мекунад.
Мувофиқи  суханони  манбаъ, ҳангоми  дидор  аз  муассисаҳои  тиббии  кишвар  Маликаи  Данияро  директори  минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ  Жужжанна  Якаб ҳамроҳӣ  мекунад.  

Октябрь 22, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад