Марказҳои тестӣ муҳоҷирон дар Рязан
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират аз маркази тестӣ ва бархе иншоотҳои сохтмонии шаҳри Рязан боздид намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар яке аз иншоотҳои сохтмонӣ маълум шуд, ки беш аз 300 нафар сохтмончиёни тоҷик дар иншоотҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Лидерстрой» кор мекунанд. Ҳамаи коргарони ширкати мазкур барои будубош ва фаъолияти меҳнатиашон бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин шудаанд.
Кормандони намояндагӣ аз навигариҳои қонуни федералии муҳоҷирати Русия муфассал нақл карда, зикр намуданд, ки аз 1 январи соли 2015 талабҳои нав ба мавқеи иҷро мерасанд. Дар асоси ин талабҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозавӣ барои фаъолияти меҳнатӣ бояд иҷозатнома дар бораи донистани забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русияро пешниҳод намоянд.
«Алҳол дар шаҳри Рязан чор маркази тестӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо ба қабули имтиҳонот омодаанд», гуфт дар ҷараёни вохӯрӣ бо кормандони намояндагӣ директори Маркази тестии назди Донишгоҳи давлатии ба номи академик П.И.Павлов Галина Корнева.
Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






