Машқҳо анҷом ёфтанд

Октябрь 27, 2014 14:05

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Чанде  пеш  дар Маркази  таълимии Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди Президенти  ҶТ  маросими  супурдани  шаҳодатномаҳо  ба   кормандони  ҷузъу  томи  фаврии  агентӣ  баргузор  гардид. Кормандони  зикршудаи  агентӣ  дар  курсҳои   даҳрӯза  дар  мавзӯи «Назария  ва  амалияи  фаъолияти  фаврӣ» таҳсил  намуданд.
Тавре  ки Агентии назорати  маводи  нашъаовари  ҶТ  хабар  медиҳад,  дар ҷараёни курсҳои таълимӣ   омӯзгорони Пажӯҳишгоҳи   шимолу  ғарбии  такмили  ихтисоси  Хадамоти  федералии  Федератсияи  Русия  оид ба  назорати  гардиши  маводи  мухаддир  ба   кормандони агентӣ хусусиятҳои  тафтиши  ҷинояткориҳои   бахши  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир,  фаъолияти  гурӯҳҳои  муташаккили  ҷинояткор ва  ошкор  намудани қочоқчиёни  маводи  нашаъоварро  таълим  доданд.
Ғайр  аз  ин машғулиятҳои  махсус  аз  рӯи  истифодаи  техникаи  компютерӣ  гузаронида  шуданд. 
Дар  анҷоми  курсҳо  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Масоили  мубрами  мубориза  бо гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  ва роҳҳои  ҳалли  онҳо» доир  гардид.
 
                    

Октябрь 27, 2014 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст