Машварат-озмуни ҷумҳуриявии драмнависон ва таҳиягарон

Октябрь 22, 2014 15:58

Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 17-ум то 20-уми ноябр дар шаҳри Душанбе машварат-озмуни ҷумҳуриявии драмнависон ва таҳиягарон доир мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  эълони машварат-озмуни мазкур қаблан дар тамоми расонаҳои хабарӣ паҳн гардида ва то ба имрӯз ба унвонии вазорат 7 асари драмавии адибони тоҷик ворид гардидааст.
Аз  ҷумла, инҳо асарҳои Нурулло Абдулло «Блокада, опять…», Ҷумъа Қуддус — «Муқовимат-резистане», Раҳмоналӣ Одинаев — «Пайвандгари дилҳо», Ато Ҳамдам — «Шоми охирон», Зарифи Ибод — «Барои фронт», Ато Ҳамдам — «Қурбонӣ», А.Раҳмонқулов «Маруся» мебошанд.
Пйесаҳо зимни муҳокимаҳо аз ҷониби иштирокчиёни машварат-озмун баррасӣ гардида, баъдан ғолибони озмун муайян мегарданд.
 
 

Октябрь 22, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад