Мавқеъҳои фаъоли Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироӣ

Октябрь 23, 2014 15:56

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Бо  ибтикори   Намояндагии  Бунёди  рушди  «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи  АвруОсиё» дар  Тоҷикистон ва  мусоидати Сафорати  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон   имрӯз  дар  шаҳри  Душанбе  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи «Тоҷикистон  чун  бунёди  ҳамгироии  муосир : вазъу  дурнамо»  баргузор  гардид. 
Дар  кори  мизи мудаввар   сафири  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор Лякин —  Фролов,  директори намояндагии Бунёди  рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи  АвруОсиё»  дар  Тоҷикистон  Галина  Назарова,  муовини  директори   Маркази тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  ҶТ  Фарида  Мӯъминова,  ҳамчунин  сиёсатмадорон,  дипломатҳо,  коршиносон,  намояндагони   аҳли тиҷорат,  ВАО,  олимон ва  ходимони  ҷамъияти  иштирок  доштанд.
Сафир  Игор Лякин —  Фролов  зимни  суханрониаш  иброз  дошт, ки  1  январи  соли  2015  Шартнома  дар  бораи  ташкили  Иттиҳоди  Иқтисодии  Аврупо  ба  мавқеи  иҷро  мерасад.
Мақсад  аз  роҳандозии  мизи  мудаввар  муҳокимаи  самтҳои   дурнамои  ҳамгироии  Тоҷикистон  дар  низоми хоҷагидории  ҷаҳон,  ҷиҳатҳои  сиёсӣ,  иқтисодӣ,  ҳуқуқӣ  ва башардӯстона  аст. Ҳамзамон  масоили   мубрами  ҳамгироии  илм,  маориф,  истеҳсолот  ва  навсозии  иқтисодиёти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Иштирокдорони чорабинӣ ба мавзӯъҳои ташаккули имконоти  иқтисодӣ  дар ҳошияҳои ҳамбастагии  ҳамгироӣ,  таъсири омилҳои  субъективӣ  ба   равандҳои  ҳамгироӣ,  мушорикати  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  татбиқи   консепсияи  рушду  камолоти  инсон ва  роҳҳои  нави  ҳамкории  Тоҷикистон дар  ҳошияи  СҲШ низ дахл  карданд.
 

Октябрь 23, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд