Мизи мудаввар оид ба қоидаҳои ҳифзи обҳо
Душанбе, 18.10.2014 (АМИТ, «Ховар», Назири Назир).-16-уми октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Масоили асосии мизи гирд-ин баррасии лоиҳаи «Қоидаҳои ҳифзи обҳои рӯизаминӣ» ва «Қоидаҳои ҳифзи обҳои зеризаминӣ» маҳсуб мешуд, ки он аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об” таҳия шудааст.
Дар ҷараёни мизи гирд мутахассисони МД “Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об” Р. Раҳматуллоев ва Н. Сарабеков дар бораи қоидаҳои ҳифзи обҳо маърӯза намуданд. Пасон байни иштирокчиёни мизи мудаввар музокира ҷараён гирифта, ҳозирин андеша ва пешниҳодҳои мушаххасро оид ба мукаммал намудани қоидаҳои баррасишаванда баён намуданд.
Дар мизи мудаввар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ, инчунин олимони шинохтаи соҳаи оби ҷумҳурӣ ва мутахассисони МД “Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об” иштирок намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






