Муҳокимаи ислоҳоти муҳим дар самти таҳсилоти олӣ

Октябрь 28, 2014 14:18

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Анҷоми Лоиҳаи гранти Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия (READ) — марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои асосии соли аввали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ» баргузор гардид.
Патрисия Виверз — Картер, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр намуд, ки: «Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф шарикони дерина мебошанд, зеро такмилдиҳии маълумот барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ нақши муҳимро мебозад». Ҳамчунин илова намуд, ки:  «Маркази миллии тестӣ ва имтиҳонҳои марказонидашуда ба стандартикунонии таҷриба ва тартиби тестгузаронӣ, коҳиш додани коррупсия ва ба донишҷӯён фароҳам овардани дастрасии баробар ба таҳсилоти олӣ равона шудаанд».
Гуфта шуд, ки пас аз марҳилаи таҳия, арзёбӣ ва санҷидани он дар солҳои 2012 ва 2013, ММТ раванди ММД-ро моҳи декабри соли 2013 ва моҳи майи соли роҳандозӣ намуд. ММТ аз ҷумла тақсимоти ҷойҳоро дар донишгоҳҳо бори аввал дар саросари ҷумҳурӣ гузаронид. 
Зиёда аз 52 ҳазор 500 нафар довталаб аз ҷониби тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои имтиҳонсупорӣ (аз ҷумла 17500 нафар духтар), ки аз соли гузашта 30 фоиз зиёдтар аст, ба қайд гирифта шуд. Тақрибан 46000 нафар довталаби дигар ба қайд гирифта шуда, барои иштирок дар озмун соҳиби холи ҳадди ақал гардиданд. 
 
 

Октябрь 28, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид