Муассисаи тиббии ВКД барои муолиҷа омода аст
Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд таъмиру тармими бинои Муассисаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд босуръат ҷараён дорад.
Барои навсозии ин бино ҳамарӯза то 100 нафар сохтмончӣ, пардозгар ва таъмиргар ҷалб мешавад. Роҳбарияти раёсат ният доранд, то ҷашни 20 -солагии қабули Сарқонуни Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳанд.
Бино барои муолиҷаи шабонарӯзии 50 нафар корманди ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят, хадамоти гумрук, оташнишинӣ ва муҳофизони муассисаҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи тиббӣ барои барқарор намудани саломатӣ ҳуҷраҳои тиббӣ амал намуда, таҷҳизоти нави муосир насб мешаванд.
Дар он зиёда аз 40 нафар табиб ба афсарону сарбозони ниҳодҳои номбурда хизмат мерасонад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






