Мулоқотҳои М.Убайдуллоев бо роҳбарони Парлумони Русия

Октябрь 24, 2014 15:31

          Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масоили марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои  гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин кишвар дар меҳвари мулоқоти  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои русаш -раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко қарор дошт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки  дар он ҳайати Тоҷикистон низ ҳузур дошт, масъалаҳои мубрами тақвияти равобити ҳасана байни Тоҷикистону Русия дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби инвеститсияи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкориҳои илму фарҳангӣ ва гуманитарӣ матраҳ гардиданд. Ҳамзамон мусоҳибон бо баррасии авзои феълии минтақа ва ҷаҳон  масоили  марбут ба ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунини маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигари зуҳуроти номатлуби замони муосирро баррасӣ карданд.
    Инчунин, дар ҷараёни мулоқот ҳолати татбиқи созишномаҳои дуҷонибаи қаблан байни ду кишвар ба имзо расида муҳокима гардид. Дар ин самт  гурӯҳи кории муштарак созмон дода шуд. Таъкид гардид, ки барои амалӣ гардонидани ҳамагуна қарорҳову созишномаҳои қабулгардида дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон — Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»  минбаъд дар 2 сол як маротиба  ва ҷаласаҳои Комиссияи байнипалатавии амалкунанда байни Маҷлиси  миллӣ ва Шӯрои Федератсия соле накам аз 2 бор доир карда шаванд. 
Бояд тазаккур дод, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни сафари расмияш ба Маскав ҳамзамон бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин мулоқот анҷом дод.

Октябрь 24, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа