Мулоқотҳои судманд бо ҷавонону варзишгарони ВМКБ
Душанбе, 21.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат»).-Имрӯз ҳайати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолон, ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи Рӯшони ВМКБ мулоқот намуд.Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилотию таҳлилии Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров хабар дод, зимни мулоқот иштирокчиён аз дастовардҳои истиқлол ва дастовардҳои варзишгарон дар замони истиқлол ёдовар шуда, ҷавонон ва варзишгаронро барои ноил шудан ба натиҷаҳои хубу назаррас даъват намуданд.Гуфта мешавад, ки дирӯз ҳайати комиссияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ҷиҳати дидан ва баррасии фаъолияти бахшҳои кумитаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафар карданд, чунин мулоқоти судманд низ бо ҷавонону фаъолон ва афсарону аскарони ноҳияи Дарвоз доир карданд ва дар назар аст фардо бо фаъолон ва ҷавонони ноҳияи Шуғнон мулоқот доир намояд. Ёдрас мешавем, ки баргузории чунин мулоқотҳои судманд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






