Мулоқот бо А. Орзу ба муносибати таҷлили 600- солагии Ҷомӣ
Душанбе, 18.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 17 октябри соли 2014 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 600-умин солгарди фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, шоир ва мутафаккири барҷаста Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулғафури Орзу бо кормандони вазорат баргузор гардид.
Зимни мулоқот доктор Абдулғафури Орзу дар бораи пайвандҳои таърихии адабию фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин дар бораи дурнамои умедбахши равобити ин ду кишвари бародар маърӯзаи фарогир ироа намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш суҳбати озоди кормандони вазорат бо сафири ҶИА сурат гирифт, ки зимни он дар атрофи масъалаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба ва қазияҳои минтақавӣ табодули назар ҷараён гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






