Мулоқот бо занону духтарон дар ДКМТ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ “Ховар”). — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррасро анҷом дода, ҳамзамон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ин нуктаро Мунира Шамсиева, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо занон ва духтарони фаъоли шаҳри Чкалов, ки дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) доир шуд, баён дошт.
Тавре ки зикр гардид, самараи ғамхориҳои ҳукумат аст, ки теъдоди гирандагони грантҳо аз ҳисоби занон бамаротиб афзуда, маблағи он 2 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, шумораи зиёди занон бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Мунира Шамсиева изҳор дошт, ки имрӯзҳо гарчанде дастовардҳои занону бонувон зиёд бошад ҳам, вале камбудиҳо низ кам нестанд. Ҳампошии оилаҳо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ташвиш гузошта наметавонад.
Ҳамзамон аз даст ба худсӯзӣ ва худкушӣ задани занону духтарон, дур мондани духтарон аз таҳсил ва амалҳое, ки хоси занону духтарони тоҷик нестанд ва ба шаъну шарафи онҳо латма мезананд, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Гуфта шуд, ки мулоқоти мазкур тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои умда, алалхусус гаравидани занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, пошхӯрии оилаҳо, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ғайра рӯи кор омадааст.
Дар хотимаи мулоқот суҳбати озод миёни иштирокдорон ва меҳмонон сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Зебо Абдулова ва намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






