Мулоқоти А. Қодирӣ бо занони соҳибкори Хатлон
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ занони соҳибкор, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии вилояти Хатлонро бо роҳбарии Дилбар Халилова, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот таъкид шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи Рушд тавассути ҳамкории минтақавӣ»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Дар доираи ин барнома таҷрибаомӯзии минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкории иҷтимоии занон ҳамчун омили таъминсозии устувории молиявӣ барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон» роҳандозӣ гардидааст ва таҷрибаомӯзӣ дар вилояти Суғд низ сурат мегирад. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии минтақавӣ бо мақсади шинос намудани намояндагони созмонҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон бо таҷриба ва дастовардҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорзанони вилояти Суғд гузаронида шуда, дар барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ миёни онҳо мусоидат менамояд. Раиси вилоят дар оянда низ ташкил намудани сафарҳои гурӯҳҳои соҳибкорон, собиқадорони меҳнат, илму фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷомеаро ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавсия дод. Дар ин самт зикр ёфт, ки яке аз чунин сафарҳои фарҳангиро гурӯҳи рақсии «Зебо» дар моҳҳои наздик ба вилояти Хатлон анҷом медиҳад, ки ин ба дӯстиву ҳамкории вилоятҳои Тоҷикистон заминаи боэътимод мегузорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






