Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Атиқуллоҳ Атифмал
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал доираи васеи масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон, ки метавонад иқтидори транзитии ҳарду кишварро ба маротиб афзун намояд, зоҳир гардид. Аз ҷумла масоили вобаста ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои хатти барқии CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти тиҷоратию транзитии минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.
Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






