Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СҲИ
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири куллии Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад”,- изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.
Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз кумакҳои бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






