Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мэн Хунвей

Октябрь 30, 2014 11:57

 
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони ду кишвар, аз ҷумла дар доираи муносиботи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои таҳкими ҳамгироӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар шароити фаъол гардидани хатару таҳдидҳои муосир зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои татбиқи саривақтии барномаҳои ҳамкории ба ин самт равонагардида ҳарду ҷониб саъю талош ба харҷ медиҳанд.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 30, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд