Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд барои кулли уммати исломӣ” номид ва ҳамчунин аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамасола барои ҳаҷ ва умра ба ин маконҳои муқаддас мераванд, барои фароҳам овардани шароити шоиста арзи сипос намуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои навини Мамлакати Арабистони Саъудӣ барои таҳким ва тавсиаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомеаи давлатҳои арабӣ дастгирӣ намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки соли равон дар пойтахти Мамлакати Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, натиҷаҳои таконбахш хоҳад дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






