Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо занони Хатлон

Октябрь 14, 2014 09:59

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Тибқи нақшаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ як гурӯҳи корӣ ба ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон сафарбар гардид.
Гурӯҳи корӣ дар байни занону духтарони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Шӯрообод, Фархор, Ҳамадонӣ ва Данғара оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни занону духтарон, бемориҳои сироятӣ ва ВНМО/БПНМ, ҷинояткорӣ, худкушӣ, аз таҳсил дур мондани духтарон ва дигар амалҳои номатлуб вохӯрию суҳбатҳо доир карда, дар онҳо оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандиро фаро гирифтаанд, сухан гуфтанд. 
Дар вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки минбаъд ба чунин  гурӯҳҳо адибаҳо шомил гарданд ва ин гуна чорабиниҳо бештар  ба роҳ монда шаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии агентӣ хабар доданд. 

Октябрь 14, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад