Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ намояндагони Бонки Рушди Осиё оид ба татбиқи лоиҳаи “Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар системаи таҳсилоти касбию техникии Тоҷикистон”-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот дар бораи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар бораи шиносномакунонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳлили бозори меҳнат, зарурати гузаронидани ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ибрози ақида карда шуд.
Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар бораи аввалин ҳисоботи пешниҳоднамудаи татбиқкунандагони Лоиҳаи “Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар системаи таҳсилоти касбию техникии Тоҷикистон”, оид ба компонентҳои лоиҳа ва вохўриҳои қаблан гузаронидаи намояндагони Бонки Рушди Осиё бо иштирокчиён ва шарикони татбиқи лоиҳа сухан гуфта, намояндагони Бонки Рушди Осиёро бовар кунонид, ки лоиҳаи мазкур, ки мақсади асосии он барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии Тоҷикистон равона шудааст, бо муваффақият татбиқ хоҳад гардид.
Мулоқот дар сатҳи баланд баргузор шуд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






