Мулоқоти М. Убайдуллоев бо А. Воробёв

Октябрь 23, 2014 15:40

    Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи сафари расмиаш раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия бо губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв мулоқот анҷом дод. 
  Дар мулоқот масоили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ,  таъсиси марказҳои логистикӣ баҳри интиқолу рушди тиҷорати молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар ин вилоят, мусоидат дар ташкили мактабҳои тоҷикӣ барои тоҷикони вилоят ва вусъати ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ мулоқоти судманд анҷом дод. 
Мусоҳибон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд гурӯҳҳои кории муштаракро созмон доданд, ки то даҳаи аввали моҳи декабри соли равон созишномаҳои марбутаро барои тасдиқ ва мавриди амал қарор додан омодаву пешниҳод намоянд. 
Ҳамчунин раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни  сафараш ба Русия бо ҳайати расмӣ  ҳамчун рамзи эҳтиром ба қаҳрамониҳои акарону афсароне, ки  дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фавтидаанд, дар назди оташи ҷовидони девори Кремл гулчанбар гузошт. 

Октябрь 23, 2014 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад