Мулоқоти П. Давлатзода бо В. Бадалян
Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри соли 2014 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Ҷумҳурии Арманистон дар Тоҷикистон Владимир Бадалянро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳуми созанда сурат гирифт, масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва мавзуоти минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо дар он ҳамақида буданд, ки равобити миёни ду кишвари дӯст ба тавсеа ва густариши минбаъда ниёз дорад. Онҳо дар ин самт як зумра иқдомҳоро ҳамоҳанг намуданд, ки дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






