Мулоқоти С.Аслов бо Вилҳелм Молтерер
Душанбе, 21.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 20 октябри соли 2014 дар шаҳри Люксембург вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер вохӯрӣ доир намуд. Бо баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақсади коркард ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳое, ки барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба роҳ монанд.
Бино бар иттилоои Бонки сармоягузории Аврупо, Шӯрои директорони Бонк моҳи сентябр соли ҷорӣ қарор дар бораи ҷудо намудани 70 миллион евро қарзи дарозмуддат ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро қабул кард.
Бояд зикр кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз замони баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонк Филипп Мейштад дар соли 2009 оғоз ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






