Мулоқоти С.Аслов бо Ж.Якаб
Душанбе, 24.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 23 октябри 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо директори Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания Мэри, ки сарпарасти Дафтари минтақавии аврупоии СУТ мебошад, мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, рафти татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои ҳифзи модар ва кӯдак, иммунизатсия, пешгирии бемориҳо ва дигар мавзуъҳо табодули назар сурат гирифт.
Зимни суҳбат Жужанна Якаб кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти густариши соҳаи тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баланд арзёбӣ намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






