Мулоқоти С. Икромов бо Винхас де Соуза-Люсио
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов бо намояндагон ва гурӯҳи кории Агентии рейтинги байналмилалии «Moody’s»-ро таҳти роҳбарии таҳлилгар Винхас де Соуза-Люсио вохӯрд. Мақсад аз ташрифи гурӯҳи корӣ муайян намудани рейтинги қарзӣ дар Тоҷикистон ва бахусус дар таърихи молиявии имрӯзу гузаштаи БДА ҶТ «Амонатбонк» буд.
Дар вохӯрӣ масъалаи зина ба зина боло рафтани иқтисодиёт, сиёсати қарзӣ ва дурнамои соҳаи бонкдории Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сироҷиддин Икромов дар мавриди фаъолияти бонк дар самтҳои пешниҳоди қарзҳои хурди судманд ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қабули пасандозҳо маълумоти муфассалро пешниҳод намуда, ҳамзамон зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ собит менамоянд, ки бонк бо 75 филиал ва 511 маркази хизматрасонии бонкӣ миёни аҳолӣ мавқеи худро дорад ва ин то ҷое барои назаррас будани натиҷаҳо нақш гузоштааст.
Лозим ба ёдоварист, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» имрӯз миёни бозори бонкии кишвар нуфузи худро дошта, ин хизматрасониҳои бонкӣ солҳои тӯлонӣ ба мардум пешниҳод мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






