Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Клаус Ван Дейк

Октябрь 20, 2014 14:25

Душанбе, 20.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 18 октябри соли 2014 дар шаҳри  Брюссел вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Консули фахрии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Клаус Ван Дейк баргузор гардид.
Клаус Ван Дейк аз ҷумла дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба дар доираи фаъолияти самараноки Бизнес-клуби Белгия-Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Брюссел маълумот дод.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Консули фахрии кишвар дар Шоҳигарии Белгия оид ба роҳҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия табодули назар карданд.
Консули фахрӣ Клаус Ван Дейк итминон дод, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия талош хоҳад намуд.
 
 

Октябрь 20, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид