Мулоқоти созанда бо ҷавонони Роштқалъа
Душанбе, 22.10.2014 (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат»).-Имрӯз ҳайати комиссияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти умумии № 26-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо ҷавонон ва фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилотию таҳлилии кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар мулоқот иштирокчиён аз дастоварду созандагии ҷавонони ҷумҳурӣ ва бунёди 2700 мактаби замонавию 2600 иншооти варзишӣ дар кишвар ёдовар шуда, онро аз баракати Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвар донистанд.
Гуфта мешавад, иштирокчиён ҳамчунин аз дастовардҳои варзишгарони ноҳяи мазкур ибрози қаноатмандӣ намуданд ва варзишро ҳомии сулҳу ваҳдат арзиёби намуданд.
Дар охир ҷавонон аз ин мулоқоти муфид ибрози қаноатмандӣ карда, изҳор намуданд. ки сиёсати хирадмандонаи ҳукумати кишварро дастгирӣ менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз ҳайати комиссияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ҷиҳати дидор ва баррасии фаъолияти бахшҳои кумитаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ дорад, чунин мулоқоти судманд бо ҷавонону фаъолони ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз доир кард ва дар назар аст фардо бо фаъолон ва ҷавонони ноҳияи Ишкошим мулоқот доир гардад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






