Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ бо муовини Дабири кулли СААШ
Душанбе, 22.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 21 октябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) Александр Вершбоу баргузор гардид.
Зимни мулоқот перомуни масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону СААШ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби барномаи «Ҳамёрӣ баҳри сулҳ», ки Тоҷикистон дар он аз соли 2002 то кунун иштирок дорад, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мусоҳибон инчунин доир ба мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва дурнамои он пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






