Муовини раиси КМИР дар Минск гузориш медиҳад

Октябрь 25, 2014 11:35

 
Душанбе, 25.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Саидбой Зокиров ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии «Раванди интихоботҳо дар фазои  ИДМ» ба Минск меравад.
        Назар ба иттилои Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИР  чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 то 12 ноябри соли равон  дар қароргоҳи  Кумитаи иҷроияи ИДМ, воқеъ дар Минск  гузаронида мешавад.
      Интизор меравад, ки дар ин конфронс дар радифи намояндагони ИДМ ҳамчунин намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, коршиносони байналмилалӣ ва сиёсатшиносон иштирок кунанд.
       Намояндаи  Тоҷикистон дар ин конфронс доир ба системаи интихоботии Тоҷикистон, хусусан доир ба ворид намудани  тағйироту иловаҳо ба қонунҳои интихоботии кишвар, мукаммалии онҳо ва ҷавобгӯ будан ба сатнадартҳои байналмилалӣ  гузориш хоҳад дод. 
 

Октябрь 25, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа