Мушкилоти рушди устувори иқтисодӣ ва инсонӣ

Октябрь 29, 2014 09:35

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо дастгирии молиявии бевоситаи Маркази минтақавии Истанбул оид ба мамлакатҳои Аврупои шарқӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Мушкилоти рушди устувори иқтисодӣ ва инсонӣ» бобати такмил додани муносибатҳои молиявию иқтисодӣ ва самаранок ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиёт конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид.Тавре ки котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, конфронси мазкур паҳлӯҳои мухталифи рушди иқтисодиёт ва бозори меҳнат, низоми пулию қарзӣ, таҳлил ва методологияи ҳисоб, инчунин таъмини сармоягузорию иқтидор ва амнияти иқтисодиро дар мамлакат фаро гирифт, ки донишкада бо ин амали роҳандозишуда дар рушди устувори иқтисодии ҷомеа ва рушди инсонӣ бо пешниҳоду дархостҳои худ дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми воқеӣ мегузорад. Дар кори конфронс олимону коршиносон аз ташкилоту идораҳо, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои олии таълимии кишвар иштирок доштанд.Дар қисми пленарии конфронс устодону олимон маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.Дар ҷамъбасти конфронс иштирокчиён ҷиҳати пурсамар сохтани соҳаи иқтисодиёт, беҳтар намудани низоми пулию қарзӣ, самаранок ба роҳ мондани сармоягузорӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ ба сохторҳои дахлдори давлатӣ ва байналмилалӣ фикру дархостҳои мушаххаси худро мураттаб ва пешниҳод намуданд.

Октябрь 29, 2014 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт