Мусобиқаи гӯштин ба ифтихори Рӯзи милитсия

Октябрь 30, 2014 10:03

Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади  тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ, такмили минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик рӯзҳои 4-5 ноябри соли 2014 дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мусобиқаи гӯштини самбо барпо мегардад.
Ҳамчунин бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дар ҳамбастагӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябр ва 1 ноябри соли 2014 мусобиқаи кушод аз рӯи намуди варзиши кикбоксинг байни кӯдакон ва наврасони соли таваллуди 1999-2000 ва 2001-2002 барои дарёфти Ҷоми «Динамо» ба нақша гирифта шудааст.
Бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30 октябр дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни воҳидҳои сохтории ВКД оид ба вазнбардорӣ ҷараён дорад.     
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
 
 

Октябрь 30, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд